Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон ҳампаймонони кишварашро эълом кард


Дар ҳоли ҳозир ҷаҳон бо хатари нав - терроризм - рӯ ба рӯст. Зидди ин хатар мешавад, танҳо дар якҷоягӣ мубориза бурд. Дар ин бора Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон дар чорабинии бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Бишкек изҳори назар кард.

"Мо зидди ин падидаи номатлуб дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳампаймони қадимиамон - Русия ва кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мубориза мебарем", - гуфт Ҷеенбеков.

Ба гуфтаи вай, ҳоло марзҳои кишварашро сарбозон ва фармондеҳони "насли шуҷоъ"-и қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳифз мекунанд.

Президенти Қирғизистон дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" дар шаҳри Бишкек ширкат кард. Вай акси бобояш Ҷеенбек Пирназаровро бо худ дошт. Бобои президенти Қирғизистон дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ширкат кардааст.

Дар Қирғизистон ва кишварҳои дигари шӯравии пешин рӯзи 9 май поёнёбии Ҷанги дувуми ҷаҳониро таҷлил мекунанд. Соли 1945 СССР Олмони фашистиро шикаст дода буд.

XS
SM
MD
LG