Ссылки доступа

Намоиши ҳашт филми қазоқистонӣ дар ҷашнвораи Канн


Қазоқистон дар 71-умин ҷашнвораи филми Канн ҳашт филм ба намоиш мегузорад.

Дар озмуни асосӣ филми Сергей Двортсев "Айка" ширкат мекунад. Дар эҷоди ин филм панҷ ширкат аз чаҳор кишвар - Русия, Олмон, Лаҳистон ва Қазоқистон саҳм доранд. Аммо ин филм аз номи Қазоқистон вориди ҷашнвора шудааст.

"Айка" дар бораи муҳоҷири қирғизистоние нақл мекунад, ки дар Москва фарзанд ба дунё меорад ва ӯро дар таваллудхона боқӣ мегузорад. Дар филм азоби ботинӣ ва эҳсоси модарӣ ба тасвир кашида шудааст.

"Бетарафии меҳрубононаи дунё" - яке аз дигар филмҳои қазоқистонӣ аст, ки дар ҷашнвора ширкат дорад. "Зимистоне начандон муҳим" - аз дигар филмҳои сохтаи Қазоқистон дар ҷашнвораи синамои Канн аст.

Ба ин тартиб, панҷ филми дигари эҷоди Қазоқистон дар ҷашнвораи филми Канн нишон дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG