Ссылки доступа

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба Қарабоғи Куҳӣ рафт


Сарвазири нави Арманистон Никол Пашинян 9 май, як рӯз баъд аз интихоб шуданаш ба ин мақом аз Қарабоғи Куҳӣ боздид кард.

Раҳбарони Арманистон ба таври анъанавӣ ҳар сол дар рӯзи 9 май аз ин минтақа боздид мекунанд. Рӯзи ғалаба бо санае рост меояд, ки нирӯҳои мавриди ҳимояти Арманистон соли 1992, замони ҷанг дар Қарабоғи Куҳӣ шаҳри Шушаро тасарруф карданд.

Дар шаҳри Степанакерт, пойтахти Қарабоғи Куҳӣ Пашинян ва раҳбари минтақа Бако Саакян дар назди ёдгории сарбозоне, ки дар низои Қарабоғи Куҳӣ ва Ҷанги ҷаҳонии дувум ҷон бохтаанд, гулчанбар гузоштанд. Сипас Пашинян ва Саакян ба Шуша рафтанд.

Пашинян дар паёми худ ба мардуми кишвараш бахшида ба 9 май гуфт, "инқилоби осоиштаи махмалин дар Арманистон ва муттаҳидии сокинон як далели раднашавандаи дигарест, ки исбот мекунад, мо дар бораи чи будани озодӣ, демократия ва сулҳ тасаввурот дорем".

Порлумони Арманистон 8 май Пашинянро сарвазири нави ин кишвар интихоб кард. Ӯ пеш аз интихоб шуданаш ба мақоми сарвазирӣ дар порлумон гуфт, инқилоби вай ҳуқуқи Қарабоғ ба худмухториро эътироф хоҳад кард. Дертар изҳор дошт, ки агар намояндагони Қарабоғ бихоҳанд, барои гуфтугӯ омодааст.

Боку дар робита ба нақшаи Пашинян барои боздид аз Қарабоғи Куҳӣ норозигӣ баён кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон Ҳикмат Гаҷиев 8 май гуфт, Қарабоғи Куҳӣ, ки дар ҳоли ҳозир ишғол шудааст, як ҷузъи ҷудонашавандаи Озарбойҷон аст. Ягон кишвар истиқлолияти Қарабоғи Куҳиро эътироф накардааст.

XS
SM
MD
LG