Ссылки доступа

ИМА зидди сохторҳои низомии Русия таҳрим эълом мекунад


ИМА зидди як қатор сохторҳои низомии Русия таҳрим эълом мекунад. Ин сохторҳо ба нақзи қонунгузории миллии ИМА, ки густариши силоҳи қатли омро манъ мекунад, айбдор мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Феҳристи федеролӣ огоҳинома нашр шудааст.

Ба рӯйхати таҳримшудаҳо 28 созмон ва ширкати Русия шомил хоҳанд гашт, ки дар миёни онҳо Сарраёсати Ситоди кулли ин кишвар низ ҳаст.

Дар баробари ширкатҳои русӣ, созмону шахсони воқеӣ аз Эрон, Куриёи Шимолӣ, Чин, Миср, Туркия, Сурия ва АМА, аз ҷумла "Ҳизбуллоҳ", нирӯҳои ҳавоии Ҷумҳурии арабии Сурия ва Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон низ ба рӯйхат шомил гаштанд.

Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, "таҳримҳои нави зидди Москваро метавон як навъи интиқом барои ҳамлаи нокоми мушакии 14 апрел ба Сурия номид".

Чанде қабл маълум гашт, ки "Рособоронэкспорт" низ барои нақзи қонунҳои ИМА зидди густариши силоҳи қатли ом, ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид гаштааст.

XS
SM
MD
LG