Ссылки доступа

Ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Туркманистон боз ҳамла карданд


Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ Солтан Очилова дубора ҳамла ва боздошт шуд.

Ҳамла ба Очиловаи 68-сола субҳи 9 май сурат гирифт. Вай мехост, аз маросими гулгузорӣ дар назди Оташи абадӣ акс бигирад.

Ба гуфтаи Очилова, чанд тан дар либоси мулкӣ ӯро аз миёни издиҳом ҷудо ва пурсуҷӯ карданд. Баъди он ки Очилова гуфт, ӯ барои гузоришаш акс мегирад, ӯро боздошт карданд.

Мардоне, ки шахсияташон маълум набуд, ӯро ду соат бозпурсӣ ва талаб карданд, ки ҳамкориро бо Радиои Озодӣ қатъ намояд.

Солтан Очилова бори аввал нест, ки чунин муомиларо шоҳид мешавад. Моҳи июли соли гузашта низ ду мартаба ба вай ҳамла сурат гирифта буд.

"Наметавонам бетартибиро таҳаммул кунам". Мусоҳиба бо Солтан Очилова (моҳи майи соли 2017).

XS
SM
MD
LG