Ссылки доступа

Дар Қирғизистон шумори муҳоҷирони ӯзбек афзоиш меёбад


Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон мегӯяд, баъд аз боз шудани марзҳо шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки барои пайдо кардани ҷойи кор ба ин кишвар мераванд, афзоиш меёбад.

Ин ниҳод аз муҳоҷирони кории ӯзбек даъват дорад, ки ҳангоми будубош дар Қирғизистон қонунгузории онро риоя кунанд, чун дар ғайри сурат маҷбур аст, онҳоро ҷарима кунад.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Қирғизистон бештар ба корҳои сохтмонӣ ва кишоварзӣ ҷалб мешаванд. Дар ҳоли ҳозир, дар пахтазорҳои вилояти Ҷалолобод духтарон аз Ӯзбекистон рӯзона бар ивази 250-300 сом (3,5-4,5 доллар) кор карда, дар хонаи корфармо зиндагӣ мекунанд.

Ҳамчунин пайдо кардани сохтмончиёни ӯзбек дар вилоятҳои Ҷалолобод ва Бодканд осон аст. Сокини ноҳияи Навкати Қирғизистон Сайдулло Каримов мегӯяд, муҳоҷирони ӯзбек назар ба сокини маҳаллӣ хеле арзон ва босифат кор мекунанд ва бинобар ин, корфармоён бештар ба онҳо муроҷиат мекунанд.

Бархе аз сокинони ноҳияҳои Бозор-Қурғон, Сузак ва Навкени Қирғизистон мегӯянд, мақомот аллакай санҷиши шахсонеро оғоз кардаанд, ки муҳоҷирони ӯзбекро ба кор мегиранд.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон баъд аз ворид шудан ба Қирғизистон давоми 5 рӯз бояд худро номнавис кунанд. Дар акси ҳол бори нахуст 10 ҳазор сом (ҳудуди 150 доллар) ҷарима ва бори дувум аз Қирғизистон ихроҷ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин бояд иҷозатномаи кор дар Қирғизистонро дошта бошанд. Қирғизистон ба шаҳрванди хориҷӣ дар мақоме иҷозати кор медиҳад, ки ба он сокини маҳаллӣ довталаб набошад. Барои бидуни иҷозатнома кор кардан 10 ҳазор сом (ҳудуди 150 доллар) ҷарима пешбинӣ гашта, корфармо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG