Ссылки доступа

Расонаҳо: раиси пешини Бонки Алянс дар Москва боздошт шуд


Дар шаҳри Москваи Русия рӯзи 8 май раиси пешини Бонки Алянси Қазоқистон Жомарт Ертаев боздошт шуд. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд. Ӯро кормандони бахши ҷустуҷӯи ҷиноии Москва ва нерӯҳои Росгвардия боздошт карданд.

Мошини навъи Gelandwagen-и Ертаевро дар миёни роҳ иҳота ва ӯро аз дохили мошин боздошт карданд.

Ба навиштаи расонаҳо, боздошти Жомарт Ертаев эҳтимол дорад, ба қонуншиканиҳое рабт дошта бошад, ки дар давраи роҳбарияш (солҳои 2002 то 2007) содир кардааст.

Соли 2015 додситонии кулли Қазоқистон хабар дода буд, Ертаев дар "дуздии амволи ғайр" гумонбар аст. Пештар аз ин, дар соли 2009, пулиси молӣ саҳҳомон ва роҳбарони Бонки Алянсро дар қонуншиканӣ айбдор карда буданд. Он замон Ертаев боздошт ва нуҳ моҳ дар ҳабс буд. Вай баъдтар ҷарима ва озод шуд. То як муддати дигар Ертаев дар бонкҳои мухталифи Қазоқистон фаъолият дошт ва замоне раиси ширкати телевизиони кабелии "Алма-ТВ" таъйин гардид.

Моҳи апрели соли ҷорӣ бонки Qazaq banki Ертаевро бо он айбдор кард, ки дар давраи роҳбарии вай дар солҳои 2013-2016 қарзҳои беоқибат дода шудааст, ки асосан ба наздикони худаш расидаанд ва пардохт нагаштаанд.

XS
SM
MD
LG