Ссылки доступа

Дар Андиҷон хонаҳои сокинонро 12 соат баъд аз огоҳӣ тахриб карданд (видео)


Дар маркази шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон мақомот манзилҳои зисти куҳнаро вайрон мекунанд. Соҳибхонаҳоро 12 соат пеш аз оғози тахриби биноҳо огаҳ кардаанд.

"Хонаи дигаре надорам ва намедонам ба куҷо равам. Ҳадди ақал бояд 5-10 рӯз пеш огаҳ мекарданд. Дар ин муддат мардум метавонистанд сарпаноҳи дигаре пайдо кунанд", - мегӯяд як сокини маҳаллӣ.

Сокини маҳаллаи "Мустақилият"-и Андиҷон Ҳотамҷон Тухтаев мегӯяд, ҳеч гоҳ зидди қарори президенти Ӯзбекистон намебароянд. "Вале моро ҳамчун саг ба кӯча меронанд. Агар пештар огоҳ мекарданду хонаи дигар медоданд, бо хоҳиши худ манзилҳоро тарк мекардем", - меафзояд ӯ.

Зане дар навор шикоят мекунад, ки мақомот аллакай як қатор хонаҳоро тахриб карда, сокинонро дар кӯча гузоштанд. "Ҷамъан 93 нафар дар кӯча монданд", - изҳор медорад вай.

Як зани дигар низ мегӯяд, бо чизу чорааш дар кӯча мондааст ва ҳоло намедонад, ки бо кӯдаконаш ба куҷо равад. "Мо дар инҷо ба дунё омада, бузург шудаем. Бо вуҷуди он ки манзилҳои мо куҳнаанд, обу газу барқ ва хоҷатхона доранд ва мешавад дар онҳо зиндагӣ кард", - афзуд ӯ.

Шаҳрдории Андиҷон мегӯяд, барои соҳибони манзилҳои тахрибшуда дар канори шаҳр хонаҳои нави дуҳуҷрагӣ бунёд хоҳанд кард. Мақомот ваъда медиҳанд, ки ин манзилҳо давоми 5 моҳ бунёд мешаванд.

XS
SM
MD
LG