Ссылки доступа

9,5 соли зиндон – барои тамошои навори Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим


Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Вахшро барои тамошо ва ташвиқи навори сӯҳбатҳои Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва "пайравӣ аз ақидаҳои ифротӣ" ба 9.5 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳукм моҳи апрели имсол содир шуда, мавриди иҷро қарор гирифтааст.

Додгоҳ Алиҷон Шарифови 32-соларо, инчунин, барои тамошо ва тарғиби навори сӯҳбатҳои видеоии Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон ва муттаҳам дар ошӯби мусаллаҳонаи соли 2015 гунаҳкор донист.

Аз ҷумла дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, ки “Шарифов наворҳои видеоии ҷаласаи раёсати олии ҲНИТ дар ҳиҷрат (қисмҳои 1 ва 2)-ро тамошо карда, наворҳои ситоишомези Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзодаро тарғиб кардааст”. Бо ҳукми додгоҳ, Алиҷон Шарифов барои “даъват ба экстремизм ва бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва фаъолият дар ҳизбҳои сиёсие, ки бо қарори додгоҳ дар Тоҷикистон мамнӯянд”, гунаҳкор дониста шуд.

Худи Алиҷон Шарифов дар баёнияҳояш гуфтааст, ки воқеан ба тамошову бознашри наворҳо бо ширкати раиси ҲНИТ ва Абдуҳалим Назарзода машғул шуда, аммо намедонист, ки ин кораш ғайриқонунӣ ва ҷиноят аст. Алиҷон Шарифов рӯзи 3-юми январ дар зодгоҳаш – деҳаи Меҳрободи ноҳияи Вахш – боздошт шуд.

Моҳи сентябри соли 2015 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мамнӯъ ва онро террористиву экстремистӣ эълон кард. Масъулони ин ҳизб бо ҳукм ва ҳам иттиҳоми расмии зидди худ ва созмони сиёсиашон комилан розӣ нестанд ва мегӯянд, ошӯби Абдуҳалим Назарзода бо ҳадафи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун кардани ҳизби оппозитсионӣ ташкил шуд.

XS
SM
MD
LG