Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ронандаҳоро барои берун шудан аз мошин ҷарима мекунанд​ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 9-уми майи 2018 (HD)

- Дар Душанбе аз ҳуқуқи занони Саудӣ гуфтанд. Албакр Файзия, узви Кумисюни таъмини баробарҳуқуқии занон дар Арабистони Саудӣ гуфт, ки қарор аст, то соли 2030 мушкили занону духтарони ин кишвар ҳаллу фасл гардад (видео)

- Самарқанд ба Маккаи ҷаҳонгардони хориҷӣ табдил шудааст. Самарқанд яке аз шаҳрҳои қадимии Осиёи Марказӣ имсол меҳмонони зиёдеро мизбонӣ мекунад. Бо тагйири сиёсат дар Ӯзбекистон теъдоди саёҳони хориҷӣ аз ҷумла тоҷикон дар ин шаҳр зиёд шудааст. (видео)

- Раҳпаймоии "Полки абадӣ" дар Душанбе баргузор шуд. Роҳпаймоии имсолаи “Полки абадӣ” дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, хеле маҳдуд баргузор шуд. Ба фарқ аз солҳои гузашта, ҳукумати пойтахт ба даҳҳо нафар аз иштирокдорони роҳпаймоӣ иҷоза надод, ки акси бобоҳои худ дар даст дар кӯчаву хиёбонҳо қадам зананд (видео)

- Дар Тоҷикистон ронандаҳоро барои берун шудан аз мошин ҷарима мебанданд. Бино бар қоидаҳои нави ҳаракат дар роҳ, ронанда дар сурати манъ кардани мошинаш аз ҷониби полиси роҳ ҳақ надорад аз мошин берун барояд. Дар сурати берун шудани ронанда ӯро 50 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад (видео)

- Фотосессия дар саҳнаҳои ҷанг. "Фронт. Соли 1943. Модар барои ҳифзи ватан ва ҷони фарзандони худ мубориза мебарад"... Дар Душанбе дар остонаи ҷашни Ғалаба фотосессияи муҳити ҷангӣ ташкил шуд (видео

- Дар Тоҷикистон нархи хариди маҳсулотро ба кишоварзон ба воситаи Интернет мефиристанд. (видеои Настоящее время)

- Созмондиҳандаи "Полки абадӣ" дар бораи тақдири идеяи худ. Бахшида ба 73-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги ҷаҳонии дувум дар Русия ва даҳҳо кишвари ҷаҳон роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор шуд. Суҳбати хабарнигорони Настоящее время бо яке аз бунёдгузорони ҳаракат Сергей Лапенков. (видео аз Директ)​

- Соми қирғизӣ 25-солагии худро ҷашн мегирад​. (нигористон)​

- Миллиардерҳои рус аз давлат кумак хостанд. Бо пулҳои кӣ онҳоро наҷот медиҳанд? (видеои Настоящее время)

- Эрониҳо ба таҳримҳои нав вокуниш мекунанд. Вакилони порлумон парчами ИМА-ро оташ заданд, шаҳрвандони қаторӣ дар фикри тарки кишвар ҳастанд (видео)​

- Оташ задани парчами коғазии Амрико дар порлумони Эрон. Даҳҳо вакили мардумӣ дар Эрон дар вокуниши хашмгинонае ба қарори Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи хориҷ шудан аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон парчами коғазии Амрикоро дар дохили порлумон оташ заданд. Онҳо ҳамчунин “Марг бар Амрико” шиор доданд. Алии Лориҷонӣ дар ҷаласа суханронӣ кард. (видео)

- Дар Андиҷон хонаҳои сокинонро 12 соат баъд аз огоҳӣ тахриб карданд. (видео)

- Тӯй дар баландошёнаҳои Ишқобод (нигористон)

- "Полки абадӣ" дар Бишкек: он чи гуна буд. (видеои Настоящее время)​

- Трамп аз "созиши ҳастаӣ" бо Эрон хориҷ шуд: акнун чӣ мешавад? (видео аз Директ)

- Суханронии комили президенти ИМА дар робита ба созишномаи ҳастаӣ бо Эрон (видео)​

- Созишномаи ҳастаӣ бо Эрон - нуктаҳои асосӣ (видеои Настоящее время)​

- Олмониҳои Қирғизистон, кистанд онҳо? (видео аз Директ)​

- Тозатарин дарёи Ёқутистон ба ботлоқи мазут табдил шуд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG