Ссылки доступа

Эътирозҳо дар Остона ва Алмато: даҳҳо нафар боздошт шуданд


Даҳҳо шаҳрванди Қазоқистон 10 май дар шаҳрҳои Остона ва Алмато ба ҷонибдорӣ аз шаҳрвандоне, ки бо ангезаҳои сиёсӣ дар ин кишвар таъқиб мешаванд, бидуни иҷозати мақомот даст ба тазоҳурот заданд.

Эътирозгароне, ки дар кӯчаи Космонавтҳои шаҳри Остона, наздикии намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Аврупо ҷамъ омада буданд, бо нидоҳои “Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ!”, “Озодӣ!”, “Шарм!” шиор мепартофтанд.

Дар Алмато низ даҳҳо одам субҳи имрӯз дар назди театри опера ва балет ҷамъ омада, дар даст акси шахсонеро доштанд, ки аз онҳо ҳамчун маҳбусони сиёсӣ ном мебаранд. Ҳамчунин дар дасти ҷамъомадагон шиорҳои даъват ба қатъи шиканҷа дар зиндонҳо низ дида мешуд.

Ширкаткунандагони тазоҳуроти дифоъ аз маҳбусони сиёсӣ дар Алмато, 10 майи соли 2018.
Ширкаткунандагони тазоҳуроти дифоъ аз маҳбусони сиёсӣ дар Алмато, 10 майи соли 2018.

Ба иттилои хабарнигорони Бахши қазоқии Радиои Озодӣ, дар ҳар ду шаҳр эътирозҳо бо боздошти тазоҳургарон анҷомид. Аз ҷумла, кормандони пулис дар Алмато ҳудуди 80 нафарро дастгир карданд, ки дар миёни онҳо роҳгузарони тасодуфӣ низ буданд.

Пулис аз шарҳи қазия худдорӣ мекунад. Яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи Остона гуфт, мақомот дар ин бора дертар изҳори назар хоҳанд кард. Дар Алмато ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки суолҳои худро дар ин бобат ба хадамоти матбуотии Департаменти умури дохилии шаҳр пешниҳод кунанд.

Пахши мустақим:

Чанде қабл ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, дар Қазоқистон даҳҳо фаъоли маданӣ ва шаҳрванди оддӣ ба шуъбаи пулис даъват шуда, дар бораи тазоҳуроте бозпурсӣ мешаванд, ки ҳаракати мамнуи “Интихоби демократии Қазоқистон” (ИДҚ) ба баргузории он даъват дорад. ИДҚ-ро мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, таъсис додааст. Додгоҳи Остона моҳи март ИДҚ-ро созмони террористӣ эълом кард.

Ба гуфтаи тазоҳургарон, ин эътирозҳо дар рӯзи сафари ҳайати расмии порлумони Аврупо ба шаҳри Остона баргузор мешаванд. Ҳайат қарор аст, баҳо диҳад, ки Остона то куҷо шартҳои Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Қазоқистону Иттиҳоди Аврупоро иҷро кардааст. Яке аз шартҳои асосӣ таъмини риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Қазоқистон аст.

29 вакили Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо 25 апрел аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки уҳдадориҳои байналмилалии худро дар бахши таъмини озодии баён, озодии таҷаммуъҳои осоишта ва қатъи маҳдудиятҳои дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ иҷро намоянд.

XS
SM
MD
LG