Ссылки доступа

Тоҷирони бозори Ӯши шаҳри Бишкек дубора ба эътироз баромаданд


Тоҷирони бозори Ӯши шаҳри Бишкеки Қирғизистон назди бинои порлумон гирди ҳам омада, эътироз мекунанд. Наздики 100 тоҷири аз сӯхтор зиёндида, талаб доранд, ки ба онҳо кумак расонида шавад.

Ба гуфтаи тоҷирон, онҳо дар рӯ ба рӯи мушкилоташон тани танҳо монда, касе аз мақомот ба онҳо кумак нарасонидааст.

"Нахуст, мағозаҳои моро барқарор кунанд. Сония, ҷуброн пардозанд. Мо бе пул мондаем. Чӣ гуна кор кунем?", - гуфт яке аз эътирозгарон бо номи Рисқул Мокенова.

Дар яке аз қисматҳои бозори Ӯши шаҳри Бишкек рӯзи 13 апрел оташсӯзӣ сар зада, ба наздики 300 тоҷир хисорот овард. Ҳукумат ваъда дода буд, ки ба тоҷирон ҷуброн мепардозад ва фурӯшгоҳҳояшонро барқарор мекунад.

Баъд аз оташсӯзии рӯзи 13 апрел яке аз мудирони бозори мазкур Рафқат Моминқулов ва мутахассиси бахши бехатарӣ Рашид Сапаев боздошт шуда буданд.

Аз ибтидои соли ҷорӣ дар бозори Ӯши шаҳри Бишкек 3 оташсӯзӣ сар зад. Мақомот мегӯянд, оташсӯзиҳои бозори Ӯш ҳамчун амали барқасдона таҳқиқ мешаванд.

XS
SM
MD
LG