Ссылки доступа

Президенти Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба ИМА меравад


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо даъвати ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп рӯзҳои 15-17 май бо нахустин сафари расмӣ ба ИМА меравад.

Дар ин сафар ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили ҷаҳониву минтақавӣ баррасӣ хоҳад шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии президенти Ӯзбекистон. Кохи сафед низ дар изҳороти худ мегӯяд, президент Трамп "аз ин сафари таърихӣ истиқбол мекунад" ва умедвор аст, ки дар ҷараёни он "навсозии равобити дуҷониба бо назардошти чолишҳои муосир" баррасӣ хоҳад шуд.

Дар баёнияи Кохи сафед ҳамчунин гуфта мешавад, ки ИМА ба талошҳои Ӯзбекистон дар ислоҳоти муҳим, густариши тиҷорат ва сармоягузорӣ истиқбол намуда, омодааст, бо раҳбарир ин кишвар масоили амнияти минтақаӣ ва вазъи Афғонистонро низ барарсӣ кунад.

Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар Вашингтон ҳамчунин аз Конгресс, вазорати мудофиа, департаменти давлатии ИМА ва Бонки ҷаҳонӣ дидан мекунад.

Дар поёни мулоқот изҳороти муштараки "Ӯзбекистон ва ИМА: оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои роҳбурдӣ" қабул мегардад ва чанд ҳуҷҷат имзо мешавад.

XS
SM
MD
LG