Ссылки доступа

Исроил мегӯяд, Эрон ба баландиҳои Голан 20 мушак партоб кард


Артиши Исроил мегӯяд, субҳи 10 май нирӯҳои вобаста ба Сипоҳи посдорони Эрон дар Сурия, тақрибан 20 мушак ба тарафи пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар баландиҳои Голан партоб карданд. Расонаҳо менависанд, ки нирӯҳои Исроил низ чанд мушаки ҷавобӣ сар доданд.

Исроил мегӯяд, системаи дифоии "гунбади оҳанин" теъдоде аз ин мушакҳоро раҳгирӣ кард ва ин ҳамлаҳо ҳеҷ талафот ё захмие дар пай надоштанд. Подполковники артиши Исроил Ҷонатан Конрикус гуфт, мушакҳоро нирӯҳои “Қудс”, як воҳиди хориҷии Сипоҳи посдорони Эрон партофтанд.

“Артиши Исроил ин ҳамлаи Эронро бисёр ҷиддӣ қабул хоҳад кард”- афзуд Конрикус дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон. Ӯ афзуд, ки аз ҷузъиёти зарбаҳои ҷавобии Исроил огаҳӣ надорад.

Хабаргузории расмии Сурия субҳи 10 май иттилоъ дод, ки ба наздикиҳои шаҳри Димишқ ва ноҳияҳои дигари ин кишвар даҳҳо мушак партоб шуд. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа як дастгоҳи радар ва анбори муҳимоти ҷангӣ маҳв шуданд.

Сурия 9 май Исроилро айбдор кард, ки мавзеи низомиёни эрониро дар ҷануби Димишқ мушакборон намуд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар натиҷаи зарбаҳои 9 май 15 одам, аз ҷумла 8 ҷангҷӯи эронӣ кушта шуданд. Эрон гуфт, ба ин зарбаҳо, ки ба иддаои он, аз тарафи артиши Исроил анҷом шудаанд, посух хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG