Ссылки доступа

Боздошти 28 шаҳрванди Туркманистон дар Ҳинд бо гумони қочоқи тило


Дар фурудгоҳи байналхалқии ба номи Индира Гандии Ҳиндустон мақомоти ин кишвар 28 шаҳрванди Туркманистон, аз ҷумла 22 занро боздошт карданд. Боздоштшудаҳо талош доштанд, 19 кило тилоро бо роҳи қочоқ интиқол диҳанд, менависанд расонаҳо.

Нашрияи "The Indian Express" менависад, ин ҳодиса рӯзи 6 май рух дод. Маҷмуи тилоҳои аз шаҳрвандони Туркманистон ёфтшуда, 890 ҳазор доллар арзиш доштааст.

Мақомоти расмӣ хабар медиҳанд, ки шаҳрвандони Туркманистон бо ҳавопаймои ширкати "Turkish airlines" вориди Деҳлӣ шудаанд. Мақомот ҳангоми ҷустуҷӯ аз онҳо миқдори зиёди тило пайдо карданд.

"Маълум шуд, ки онҳо то ин замон чанд маротибаи дигар ба Деҳлӣ омадаанд. Дар сафари охири худ онҳо 7 кило тило оварда, ба яке аз тоҷирон фурӯхтаанд", - менависад нашрия.

Шаҳрвандони Туркманистон боздошт ва тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG