Ссылки доступа

Тоҷикистон IMEI-и ҳама телефонҳои мобилиро сабт мекунад


Дар Тоҷикистон тарҳи қароре таҳия мешавад, ки сабти рақами IMEI ҳама гуна телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои алоқаи барқиро дар назар дорад. Сабти номи рақами IMEI дар феҳристи ягонаи давлатӣ ба кӣ тааллуқ доштани ин оё он телефонро барои идораҳои давлатӣ ба осонӣ маълум мекунад.

Шакли кӯтоҳшудаи IMEI- Рақами байналмиллалии дастгоҳи мобилӣ аст, ки ҳар телефони мобилии истеҳсолшуда дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон новобаста ба навъу тамғааш, онро дорад. Мақомот ва ширкатҳои мобилӣ тавассути ин рақам як телефони мобилиро аз дигар фарқ мекунанд.

Лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии IMEI-и алоқаи барқӣ" ном дорад ва моҳи феврали соли равон бо ташаббуси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таҳия шудааст. Айни замон ин лоиҳа дар баррасии ниҳодҳову идораҳои давлатӣ қарор дорад.

Нодир Мирзоев, узви Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотиву мухобиротӣ гуфт, таҷрибаи сабти номи IMEI дар феҳристи ягонаи давлатӣ дар дигар кишварҳо низ вуҷуд дорад.

Ӯ гуфт: "Дар дигар кишварҳо низ таҷрибаи ба қайдгирии рақами IMEI-и телефонҳои мобилӣ вуҷуд дорад. Ин ҳеҷ бадӣ надорад, мисле, ки ҳар мошине ба кишвар ворид шавад, рақами мушахаси он дар БДА сабт мешавад, рақами ҳар телефон низ ҳамин тавр сабт мешавад".

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҳадаф аз сабти рақами IMEI-и телефонҳо дар феҳристи давлатиро шарҳ надоданд. Аммо бархе аз манбаъҳо аз идораҳои давлатии марбут ба мухобирот гуфтанд, ин иқдом ба хотири таъмини аминият рӯи даст гирифта шудааст. Чун бо густариши обзорҳои мухбиротии ба мисли Вайберу Вотсап шиносии гуфтугӯкунандагон аз рӯи симкорт душвортар мешавад ва аз ин рӯ мақомот мехоҳанд мушахасан ба кӣ тааллуқ доштани телефони мобилиро барои худ яқин кунанд.

XS
SM
MD
LG