Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ҷасади донишҷӯи ихроҷшударо овезон пайдо карданд


Дар Ӯзбекистон 8 май ҷасади донишҷӯ Ж.Ю.-ро, ки баъд аз нокомӣ дар имтиҳон аз Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд ихроҷ шуда буд, дар манзили зисташ овезон пайдо карданд. Дар ин бора яке аз ҳамдарсони пешини Ж.Ю. иттилоъ дод.

Ҳамсабақони донишҷӯ мегӯянд, Ж.Ю. аз донишгоҳ ихроҷ шуданашро аз волидони худ пинҳон мекард ва вақте ошкор шуд, худкушӣ кард.

“Ж.Ю. аз имтиҳони забони англисӣ нагузашт ва дар ниҳоят ӯро аз донишгоҳ ихроҷ карданд. Дар донишгоҳи мо имтиҳонҳои ниҳоӣ пулакӣ ҳастанд ва барои онҳо пули ҳангуфт лозим аст. Ж.Ю. натавонист пул пайдо кунад”, - гуфт яке аз донишҷӯён.

Яке аз ҳамсуҳбатони дигари мо гуфт, Ж.Ю. тамоми сол аз донишгоҳ ихроҷ шуданашро аз волидони худ пинҳон мекард. Ба назари ӯ, ҳамсабақи пешинашон баъд аз он ки волидонаш фаҳмиданд, писари онҳо дигар донишҷӯ нест, даст ба худкушӣ задааст.

Муовини ректори Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд гуфт, дар бораи донишҷӯе, ки даст ба худкушӣ задааст, маълумот надорад. Ӯ ҳамчунин пулакӣ будани имтиҳонҳоро дар ин донишгоҳ рад кард.

XS
SM
MD
LG