Ссылки доступа

Дар шимоли Туркманистон мактаби узбекӣ боз карданианд


Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон сабти номи кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ идома дорад. Мақомот мехоҳанд, талабот ба боз кардани мактаби ӯзбекиро муайян созанд.

Ба гуфтаи манобеи Бахши туркмании Радиои Озодӣ, тайи ду ҳафтаи ахир шумориши кӯдакон дар хонаводаҳои ӯзбеку қазоқ идома дорад.

"Пас аз сафари президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Ӯзбекистон бештари сокинон бовар доранд, ки ба ҳисобгирии кӯдакон ба хотири боз кардани мактаби ӯзбекӣ аст. Мактабҳои ӯзбекӣ дар ин минтақа дар давраи Сафармурод Ниёзов баста шуданд", - мегӯяд хабарнигори мо.

Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе ноҳияҳои Дашоғуз ӯзбектаборон аксариятро ташкил медиҳанд. "Маҳаллаҳое ҳастанд, ки бештари сокинонашон ӯзбеканд", - афзуд ӯ.

Як манбаи огаҳ аз ҳаводиси Дашоғуз гуфт, эҳтимол аст, дар маркази вилояти Дашоғуз мактабе бо забони ӯзбекӣ боз кунанд ва бинобар ин, ҳоло мақомот мехоҳанд кӯдакони синни томактабӣ ва мактабиро муайян кунанд.

"Ба ин мактаб танҳо фарзандони хонаводаҳои ӯзбек ва онҳое ҷалб хоҳанд гашт, ки волидон ва гузаштагони онҳо доғи судӣ надоранд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG