Ссылки доступа

Аблязов гуфт, вай "ташкилкунандаи ҳамаи эътирозҳои Қазоқистон" аст


Мухтор Аблязов, бонкдори пешини Қазоқистон ва мухолифи ҳукумати ин кишвар гуфт, вай ташкилкунандаи ҳамаи эътирозҳои рӯзи 10 май аст.

Дар шаҳрҳои Остона, Алмато, Урал, Оқтеппа, Атирау, Семе ва Чимкенти Қазоқистон рӯзи 10 май эътирозҳои мардумӣ баргузор шуд. Ширкатдорони эътирозҳо озодии "маҳбусони сиёсӣ" ва "қатъи шиканҷа"-ро талаб, аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар изҳори норизоӣ карданд. Дар ин эътирозҳо чандин одамро боздошт карданд.

Бино ба баҳогузории нозирон, шумори кормандони пулиси Остона ва Алмато баробар ба теъдоди ширкатдорони эътирозҳо будааст. Дар Алмато пулис 80 танро боздошт кард. Дар шаҳри Остона низ ҳудуди 100 тан боздошт ва ба идораи пулис бурда шуданд. Шумори дақиқи боздоштшудаҳо дар шаҳрҳои дигар хабар дода намешавад.

Мақомоти Қазоқистон Мухтор Аблязовро дар дуздии дороиҳои бонки БТА айбдор мекунанд. Аблязов замоне ин бонкро роҳбарӣ мекард. Дар айни ҳол ин мухолифи ҳукумати Қазоқистон дар Аврупо паноҳанда аст.

XS
SM
MD
LG