Ссылки доступа

Дар Самарқанд як хонанда зери дарвозаи мактаб ҷон бохт (видео)


Хонандаи синфи 6-уми мактаби №71 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон Ҷонибек Ҳамроқулов рӯзи 4 май ба таври фоҷиавӣ ҷон бохт. Ба гуфтаи ҳамдарсонаш, вай зери дарвозаи мактаб мондааст.

Наздикони хонанда мегӯянд, дарвоза нодуруст насб шуда буд, бино бар ин, дар рӯи Ҳамроқулов афтид.

"Ҷонибек ва дигар хонандагони мактаб ҳамеша аз ин дарвозаи начандон баланд убур мекарданд. Мо хабар ёфтем, ки ин дарвоза се сол пеш аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ насб шуда будаст. Дарвозаро бе назардошти бехатарӣ насб кардаанд. Ҷонибек мехост, ба дарвоза овезон шавад, ки дарвоза ба рӯи ӯ афтидааст", - гуфт яке аз пайвондони Ҷонибек Ҳамроқулов.

Мудири мактаби №71 Зебихон Аҳмадова тасдиқ кард, ки қисмате аз замини мактабро дар ихтиёри соҳибкори маҳаллӣ гузошта буданд ва ин соҳибкор толори варзиш сохтан мехост.

Аммо сокинони маҳаллӣ ба ин ҳарфҳои мудир бовар надоранд.

"Ман дар ҳамсоягии мактаб зиндагӣ мекунам. Бо соҳибкор З.Р. ошноӣ дорам. Вай дар шаҳр мағоза дорад. Соҳибкор мехост, дар ҳудуди мактаб анбор созад, на толори варзиш", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

В Самарканде школьные ворота насмерть задавили 12-летнего Жонибека
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:52 0:00

Ворота, которые насмерть задавили 12-летнего Жонибека Хамракулова.
Ворота, которые насмерть задавили 12-летнего Жонибека Хамракулова.

XS
SM
MD
LG