Ссылки доступа

Вазорат ба ҳаракати мошинҳои борбар аз марзи Чин иҷозат дод


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иҷозат дод, наздики сад мошини борбар аз марзи Чин ба Душанбе ҳаракат кунанд. Ин мошинҳои борбар рӯзи 2-уми май барои интиқоли аз меъёр зиёди бор ҳангоми убури марзи Чин бо Тоҷикистон, боздошт шуда буданд.

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки мошинҳои боркаш аз ҳаҷми пешбинишуда бештар бор интиқол додаанд, ки хилоф ба меъёрҳои роҳҳои Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи Вазорат, дар роҳҳои Тоҷикистон ҳаракати мошинҳо бо 40 тонна бор иҷозат аст, "вале дар аксар маврид ронандаҳо ин меъёрро нақз мекунанд".

Ронандаҳои тоҷик, ки беш аз як ҳафта дар минтақаи Тохтамиши Мурғоб банд буданд, гуфтанд, ки бегоҳи рӯзи 9 май ба онҳо иҷозаи ҳаракат доданд. Рашид Қурбонов, як тан аз ин ронандаҳо гуфт, пас аз нашри хабари банд монданашон дар расонаҳо, Вазорати нақлиёт онҳоро иҷозаи ҳаракат аз ин минтақаи хатарнокро дод. "Гуфтанд, ки барои аз меъёр зиёд бор овардан ҷазо мегиред, вале ҳоло аз ин минтақаи хатарнок ба ҷойи амнтар ҳаракат кунед. Ҳоло маълум нест, ки моро боз дар куҷо медоранд, вале бо ҳамон миқдори борҳо ҳаракат дорем" -гуфт, ин ронанда.

Вазорати нақлиёт рӯзи 8-уми май гуфта буд, ки ин мошинҳо аз 50 то 55 тонна вазн доранд ва дар сурати боин вазн ҳаракат карданашон ба роҳу пулҳо осеб мерасонанд. “Аксар мошинҳои боркаш аз 50 то 80 тонна бор ворид мекунанд, ки боис ба вайрон шудани роҳҳо мегардад. Бахусус, пулҳо корношоям мешаванд, ки бардоштани аз 30 то 40 тонна борро доранду бас. Ҷанҷоли вазорат бо ширкатҳои боркашонӣ доим сари ин масъала ҳаст",- афзуд як ҳамсӯҳбати мо аз ин Вазорат.

Намояндаҳои ширкатҳои нақлиётӣ ин мавзуъро шарҳ надоданд. Вале як манбаъ аз Вазорати нақлиёт гуфт, бар асоси иттилое, ки дастрас шудааст, аз Чин то марзи Тоҷикистон молу маҳсулотро бо се мошин меоранд, вале пеш аз ворид шудан ба кишвар онро ба як мошин бор мекунанд: “Дар Чин иҷоза намедиҳанд, вале ширкатҳои боркашонӣ ба дунболи манфиати худхаробшавии роҳҳоро сарфи назар карда, бо як мошин ва ҳаҷми зиёд ворид мешаванд”.

XS
SM
MD
LG