Ссылки доступа

"Як сол аст, гӯшт нахӯрдаам": 30%- аҳолии Тоҷикистон аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд​ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 10-уми майи 2018 (HD)

- "Як сол аст, гӯшт нахӯрдаам": 30%- аҳолии Тоҷикистон аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд. (видеои Настоящее время)

- "Корманди давлатӣ ҳақ дорад дағал бошад". Сокинони шаҳри Душанбе дар бораи тадбир бар дағалии мансабдорон (видео)

- То табдили милиса ба полис ду сол монд. Туула Юрёла гуфт, дар сӯҳбаташ бо масъулини САҲА вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки расидан ба ин ҳадафҳо имконпазир аст (видео)

- Мақомҳои амниятии Тоҷикистону Афғонистон аз чӣ гуфтанд? Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 8-ум ва 9 -уми май бо як сафари корӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон, қарор дошт (видео)

- Охирин омодагиҳо барои гӯручӯби Бозор Собир дар Лучоб. Ҷасади Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки дар 79-солагӣ дар Амрико даргузашт, ба эҳтимоли зиёд рӯзи 14-уми май ба Тоҷикистон оварда шуда, дар оромгоҳи Лучоб дафн хоҳад шуд (видео)

- «Усмон Ҳақназаров» акнун сурудхонӣ ва филмбардорӣ мекунад. Додгоҳи шаҳрии Тошканд рӯзи 7 май рӯзноманигори ӯзбек Бобомурод Абдуллоевро аз толори додгоҳ озод кард. Вай дар гузашта бо номи мустаори "Усмон Ҳақназаров" матлабҳои интиқодӣ менавишт. Абдуллоев мегӯяд, акнун таҳти ин ном сурудхонӣ ва филмбардорӣ хоҳад кард. (видео)​

- Чи гуна эътирозгаронро дар Алмато боздошт карданд. Дар маркази Алмато даҳҳо нафареро, ки бо талаби раҳоии "маҳбусони сиёсӣ" бидуни иҷозати мақомот даст ба эътироз заданд, боздошт карданд. (видео)

- ВВС ва "Садои Амрико" ним соли оянда аз фаъолият дар Бурундӣ маҳрум шуданд: ин расонаҳо барои мухолифин минбар доданд (видео аз Директ)​

- Боздоштҳо ҳангоми тазоҳурот. Дар шаҳрҳои Остона ва Алмато даҳҳо нафар ба ҷонибдорӣ аз шахсоне тазоҳурот карданд, ки бо ангезаҳои сиёсӣ дар Қазоқистон таъқиб мешаванд. Бештари онҳо дастгир шуданд. (нигористон)​

- Миллиардерҳои Русия аз давлат кумак хостанд. Бо маблағи кӣ онҳоро наҷот медиҳанд? (видеои Настоящее время)

- "Умедворам, ҳама паёми моро дарёфт": Исроил ба иншооти ҳарбии Эрон дар Сурия 60 мушак партоб кард (видео аз Директ)

- Чаро дар Тоҷикистон барои "писандидан" ва "бознашр"-и матолиби марбут ба ҳизбҳои мамнуи мухолиф зиндонӣ мекунанд? (видеои Настоящее время)​

- Бидуни Путин: Порошенко дар Ахен бо Меркелу Макрон вохӯрд. (видео аз Директ)

- Эрониҳо ба таҳримҳои нав вокуниш мекунанд. Вакилони порлумон парчами ИМА-ро оташ заданд, шаҳрвандони қаторӣ дар фикри тарки кишвар ҳастанд (видео)

- Дар Андиҷон хонаҳои сокинонро 12 соат баъд аз огоҳӣ тахриб карданд.(видео)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG