Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон дар Сочӣ бо Путин мулоқот мекунад


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё (ШОИА), ки қарор аст, 14 май дар шаҳри сочии Русия баргузор шавад, иштирок хоҳад кард. Дар ин бора намояндаи дастгоҳи ӯ хабар дод.

Дар ҷаласа гузориши "Ҷумҳурии Қирғизистон: ду сол дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё. Нахустин натиҷаҳо" ироа хоҳад шуд, ки фаъолияти ин кишварро дар доираи иттиҳоди мазкур натиҷагирӣ мекунад.

Ҳамчунин қарор аст, президенти Қирғизистон бо ҳамтои русаш Владимир Путин дидору гуфтугӯ карда, тамоми масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла ҳамгироӣ дар фазои Авруосиёро баррасӣ кунад.

Ба ШОИА раҳбарони кишварҳое шомиланд, ки узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ҳастанд. Аъзои шӯро дасти кам дар як сол як бор гирди ҳам хоҳанд омад. Кишварҳои узв вазифадоранд, қарорҳоеро иҷро кунанд, ки дар ҷаласаи шӯрои мазкур қабул карда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, панҷ кишвар: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия узви ИИАО мебошанд. Қирғизистон 12 августи соли 2015 ба он пайвастааст.

XS
SM
MD
LG