Ссылки доступа

Вакили порлумони Аврупо: Дар Остона масъалаи зиндониҳои сиёсӣ баррасӣ шуд


Иқдомҳои эътирозӣ дар Қазоқистон ва талаби эътирозгарон "дар мавриди озодии маҳбусони сиёсӣ" дар мулоқоти намояндагони порлумони Аврупо бо вакилони порлумони Қазоқистон баррасӣ шуд. Дар ин бора роҳбари ҳайати вакилони порлумони Аврупо Ивета Григуле хабар дод.

"То вориди Қазоқистон шудан, мо тариқи почта чандин мактуб дарёфт кардем. Ҳамаи онҳо дар бораи зиндониҳои сиёсӣ нақл мекарданд. Ин масъала баррасӣ шуд. Мо аз намояндагони додситонӣ посух гирифтем. Фардо мо додситонӣ меравем, то посухҳои муфассалтар бигирем", - гуфт Ивета Григуле дар як нишасти хабарӣ.

Аз вай пурсиданд, ки оё порлумони Аврпупо метавонад, барои амалишавии талабҳои эътирозгарон мусоидат кунад.

"Мо ин масъаларо дар миён гузоштем, 11 май бори дигар дар додситонӣ баррасӣ хоҳем кард. Сафорати мо ҳамарӯза дар ҷараён аст. Мо наметавонем, касеро маҷбур созем, ки ин ё он тасмимро бигирад. Мо аз таҷрибаи худамон нақл мекунам ва талош мекунем, далелҳоямонро нишон диҳем", - гуфт Ивета Григуле.

Дар шаҳрҳои Алмато, Остона ва дигар шаҳрҳои Қазоқистон рӯзи 10 май сокинон бо талаби "озодии маҳбусони сиёсӣ" ва "қатъи шиканҷа" ба эътироз баромаданд. Пулис даҳҳо одамро боздошт кард.

XS
SM
MD
LG