Ссылки доступа

Як гурезаи дигари "тундгаро"-и ӯзбек ба зодгоҳаш бармегардад


Маъмура Раҳматова, зодаи вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ҳамроҳ бо хонаводааш тасмим гирифт, ки ба зодгоҳаш баргардад. Вай сар аз соли 2005 то кунун дар кишварҳои хориҷ - Қирғизистон, Русия, Туркия - зиндагӣ дорад.

Ин зан мегӯяд, сиёсатҳои президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ӯро ба хулоса расондааст, ки ба зодгоҳаш баргардад. Вай бо айбҳои тундгароӣ ва убури ғайриқонунии марз дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ қарор дорад.

Маъмура Раҳматова ҳамроҳ бо чанд сокини дигари маҳаллӣ соли 2000-ум бо айби "ваҳҳобӣ" будан боздошт ва баъди ду моҳ озод шуда буд. Баъди раҳоӣ вай ва хонааводааш зери назорати мақомот буданд ва дар ниҳоят маҷбур шуданд, кишварро тарк кунанд.

Хонаводаи Раҳматова аз марзи давлатӣ ғайриқонунӣ убур карда, муддате дар Қирғизистон истиқомат кардааст. Вай дубора ба Ӯзбекистон баргашта, аммо баъди ҳодисаҳои Андиҷон дар соли 2005, бори дигар маҷбур шуд, зодгоҳашро тарк кунад.

Дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Асакини Ӯзбекистон гуфтанд, Маъмура Раҳматова дар воқеъ дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ қарор дорад. Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, нисбати Маъмура Раҳматова баъди бозгашташ тафтишот сурат хоҳад гирифт. "Агар вай бегуноҳ бошад, озод хоҳад шуд", - хабар доданд аз пулиси ноҳияи Асакин.

XS
SM
MD
LG