Ссылки доступа

Аз соли 2004 ба ин сӯ Русия бори аввал ба даври ниҳоии "Евровидение" роҳ наёфт


Намояндаи Русия дар озмуни сурудхонии "Евровидение" Юлия Самойлова ба даври ниҳоии озмун роҳ наёфт. Сар аз соли 2004 ба ин тараф Русия бори нахуст аст, ки дар даври ниҳоии озмун ширкат нахоҳад кард.

Дар шаҳри Лиссабони Португалия рӯзи 10 май даври ниманиҳоии озмун баргузор шуд, ки Самойлова дар он бо суруди "Ман нахоҳам шикаст" ширкат кард.


Ин ҳунарманд мебоист, дар озмуни мазкур ҳанӯз дар соли 2017 ширкат мекард. Аммо "Евровидение" дар Украина доир шуд ва мақомоти он кишвар нагузоштанд, ки Самайлова ба Украина ворид шавад. Зеро, Самойлова бар хилофи қонунгузории Украина, ба нимҷазираи Қрим на тавассути гузаргоҳи марзии Украина, балки мустақиман аз Русия рафтааст.

Баъди ин ҳодиса созмондиҳандагони озмуни "Евровидение" қонунҳои ширкат дар озмунро тағйир доданд. Ҳамакнун, онҳое, ки мумкин аст, бо қонунгузории кишвари мизбони озмун мушкил дошта бошанд, аз ҳаққи ширкат дар озмун маҳрум мешаванд.

Даври ниҳоии озмун фардо - 12 май баргузор мегардад. Бархеҳо аз ҳоло тахмин мекунанд, ки намояндаи Кипр Элена Фурейр бо суруди "Шуъла"-аш пирӯз хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG