Ссылки доступа

Президенти Радиои Озодӣ изҳороти намояндаи Ишқободро дар Шӯрои ҳуқуқи инсон "нафратовар" номид


Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РСЕ/РС) Томас Кент суханҳои муовини вазири умури хориҷии Туркманистон Вепа Ҳоҷиевро дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ дар шаҳри Женева "нафратовар" ва "таҳқиромез" номид.

Ҳоҷиев 7 май дар ҷаласаи шӯро гуфт, "бидуни монеа фаъолият кардани хабарнигорони Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Туркманистон баёнгари он аст, ки дар кишвари мо озодии баён маҳдуд карда намешавад".

Баъд аз ду рӯзи ҳисоботи намояндагони Туркманистон дар бораи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар бахши ҳуқуқи инсон хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ Солтан Очилова бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифт. Ҳамла ба Очиловаи 68-сола субҳи 9 май сурат гирифт. Вай мехост, аз маросими гулгузорӣ дар назди Оташи абадӣ акс бигирад. Вале чанд тан дар либоси мулкӣ ӯро аз миёни издиҳом ҷудо ва пурсуҷӯ карданд. Баъди он ки Очилова гуфт, ӯ барои гузоришаш акс мегирад, ӯро боздошт карданд.

Ба гуфтаи Очилова, мардони ношинос ӯро ду соат бозпурсӣ ва талаб карданд, ки ҳамкориро бо Радиои Озодӣ қатъ намояд. Очилова мегӯяд, вақте ба талаби онҳо ҷавоби рад дод, дурбини аккосии ӯро гирифта, тамоми аксҳоро пок карданд.

Солтан Очилова бори аввал нест, ки чунин муомиларо шоҳид мешавад. Моҳи июли соли гузашта низ ду бор ба вай ҳамла сурат гирифта буд.

Ба гуфтаи Кент, аз соли 2014 то соли 2016 шаш хабарнигори Радиои Озодӣ дар Туркманистон дар пайи маъракаҳои фишору таҳдидҳои мавриди ҳимояти давлат аз кори худ даст кашидаанд.

Хабарнигори дигари Бахши туркмании Радиои Озодӣ Сафармамад Непескулиев аз соли 2015 ба ин сӯ бо ҷурми марбут ба қочоқи маводи мухаддир дар зиндон аст. Ҳамкорони рӯзноманигор парвандаи ӯро сохта ва ба фаъолияти касбияш марбут медонанд.

XS
SM
MD
LG