Ссылки доступа

Генерал Вотел аз Тоҷикистон ба Толибон паём дод (видео)


Генерал Ҷозеф Вотел – фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ба Толибони Афғонистон паём дод, ки пешниҳоди музокироти сулҳро бипазиранд. "Паёми ман ба Толибон ин аст, ки ҳеҷ гоҳ пирӯз намешаванд", - гуфт ӯ рӯзи 11-уми май дар Душанбе.

Генерал Вотел ба суол дар бораи инки то куҷо Амрико нигарониҳои Тоҷикистонро дар заминаи таҷаммӯи беш аз 7 ҳазор ҷангҷӯи Толибон дар марзи шимолии Афғонистон тасдиқ мекунад, гуфт, "мо ҳам талош дорем, шумори ҷангҷӯёни ҷамъшуда дар нуқтаҳои зикршудаи марзиро тасдиқ кунем".

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 2 май дар як ҷаласаи ба муносибати 15-умин солгарди иҷрои барномаи ВОМСА ё Идораи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, Толибон дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҷангӣ ва 29 пойгоҳи омӯзишии худро ҷойгузин кардаанд. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамзамон афзуд, ҷангҷӯҳои ҳирфаии террорист дар як ё ду километр дуртар аз марзи Тоҷикистон мустақар шудаанд ва асосан намояндагони миллатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, дар вилоятҳои Балх, Кундуз, Тахор ва Бадахшон ҷой дода шудаанд.

Генерал Ҷозеф Вотел, фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА ​ гуфт, Толибон дар Афғонистон ҳамоно нақши бесуботкунандаро мебозанд ва, ба бовари ин генерали амрикоӣ, "ҳамин рафтори Толибон боис ба ҳузури созмонҳое ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар бархе қаламравҳои Афғонистон шудааст".

XS
SM
MD
LG