Ссылки доступа

Магистри тоҷик бо гумони куштори профессори амрикоӣ ба ҳабс гирифта шуд


Додгоҳи шаҳри Ню-Йорки Амрико қарори ҳабси Мирзо Отаҷонов, шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро, ки дар қатли профессор ва устоди равоншиносии Донишгоҳи "The New School" Ҷереми Сафран гумонбар аст, содир кард.

Ҷасади профессори 66-соларо шоми 8 май дар хонааш дар Бруклин пайдо карданд. Ангезаи куштор ҳанӯз маълум нест. Ҷей Свитчман, вакили дифои Отаҷонов 15 май хабар дод, ки дар додгоҳи Ню-Йорк рӯзи душанбе мурофиаи нахустин баргузор гашта, шахси зери ҳимояи ӯ то 8 июн ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, ҷавони тоҷик дар вуруди ғайриқонунӣ ба хонаи профессор, дуздӣ ва куштор айбдор мешавад. Дар сурати исботи айб ба ӯ аз 25 соли зиндон то ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Расонаҳои амрикоӣ пештар навиштанд, ки пулис Отаҷоновро дар таҳхонаи Сафран, дар наздикии масолеҳи сохтмонӣ боздошт кард. Як ҳамсояи Сафран ба пулис занг зада, гуфтааст, ба хонаи профессор шахси бегонае ворид шуда, чароғи таҳхонааш равшан аст. Ба гуфтаи ин зан, ӯ медонист, ки профессор дар хона танҳо аст ва бинобар ин ба пулис занг зад.

Телевизиони CBS гузориш дод, ки Отаҷонов бо болға ба сари профессор задааст. Аммо худи Отаҷонов дар наворе, ки расонаҳои амрикоӣ нашр карданд, мегӯяд, ӯ "гунаҳкор нест" ва танҳо "аз худ дифоъ кард".Нашрияи "Ню-Йорк Пост" аз қавли модари Отаҷонов бо номи Гуля навиштааст, "ба чунин рафтори писараш бовар надорад". Вай гуфт, писараш як бачаи нармтабиат буда, магистри улуми биология аст.

Мирзо Отаҷонов яке аз донишгоҳои шаҳри Ню-Йоркро бо ихтисоси биолог хатм кардааст. Тавре Отаҷонов дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "LinkedIn" навиштааст, ӯ соли 2012 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм карда, дар яке аз бемористонҳои пойтахт кор мекард.

Як тоҷики муқими Амрико, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, Отаҷонов аз як оилаи “зиёиён дар Душанбе буда, падару модараш пизишканд”. Ба гуфтаи ӯ, модараш Гулчеҳра Низомиддинова ҳам дар ИМА зиндагӣ мекунад, вале падараш зоҳиран дар Тоҷикистон аст.

Расонаҳои амрикоӣ менависанд, Отаҷонов соли 2016 бо гумони кӯшиши таҷовузи як сайёҳи 23-солаи канадагӣ боздошт шуда, баъдан ин иттиҳом аз номаш бардошта шуд.

XS
SM
MD
LG