Ссылки доступа

Дар Восеъ фарзандон падарро барои издивоҷи дуборааш ба худкушӣ расонданд


Саймуҳаммад Иброҳимов пас аз як моҳи издивоҷи дубора худкушӣ кард. Ҳамсари аввали ӯ ҳашт моҳ пеш аз неши занбӯр фавтид ва маросими соли ӯро надода рӯзи 1-уми апрел издивоҷ кард.

Пайвандони Иброҳимов мегӯянд, ки фарзандон издивоҷи дубораи падарро қабул надоштанд ва ин мавзӯъ боиси моҷаро ва фишорҳои равонии падар шуд. Иброҳимов чаҳор фарзанд дорад. Писари калониаш 24-сола ва духтари хурдиаш 16-сола аст.

Раҷабалӣ Иброҳимов, бародари Саймуҳаммад Иброҳимов гуфт, бародарзодаҳояш аз бахти нави падар шод набуданд ва ӯро ҳарфҳои сахт мегуфтанд. Эҳтимолан фарзандонро ин қарори падар, ки яксолагии марги ҳамсарашро интизор нашуд ва дубора зан гирифт, нороҳат карда буд. Аммо ба гуфтаи Иброҳимов, тибқи урфу одати тоҷикон, падар набояд аз писар иҷозаи издивоҷ пурсад.

“Фарзанди бузургаш дар Русия ва як духтару писараш дар Душанбе зиндагӣ мекарданд. Духтари хурдиаш дар тарбияи модарбузург буд. Худаш танҳо дар ҳамон хона буд ва касе набуд, ки ӯро нигоҳубин кунад. Худаш ба чанд ҷо хостгорӣ рафт, чун фарзандон нахостанд даст ба кор шаванд. Як рӯз аз ноҳияи Восеъ ҳамсар ёфт ва моро ба хонаи арӯс бурд. Хонаводаи зан хостанд, ки яке аз фарзандон омада, розигии тамоми хонаводаро диҳад, аммо фарзандон розӣ нашуданд”, - гуфт Иброҳимов.

Марҷона Раҳимова, ҳамсари Саймуҳаммад Иброҳимов гуфт, онҳо танҳо 10 рӯз зиндагии хуб доштанд, дигараш ҳама даъво буд. “Пас аз ин мушоҳида кардам, ки дар дасташ ресмон ҳар ҷо мерафт. Ҳавосаш парешон буд. Фарзандон занг зада гуфтанд, ки "занатро сар деҳ ва мо ба ту духтари бокира медиҳем". Баъди як моҳу даҳ рӯз маро талоқ дод. Ман ба хонаи падарам баргаштам. Саҳари дигар шунидам, ки худкушӣ кардаст”, - гуфт Раҳимоваи 30-сола.

Дар Додситонии ноҳияи Восеъ гуфтанд, ки сабабҳои худкушии Саймуҳаммад Иброҳимовро тафтиш мекунанд.

XS
SM
MD
LG