Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ҷавонеро барои "робита доштан" бо духтаре маҷруҳ карданд


Сокини ноҳияи Фурқати вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба хушдори пешини духтараш бо корд ҳамла кард. Духтари ин сокини ноҳияи Фурқатро ба хотири бокира набудан аз хонаи домод пеш карданд. Ҳодисаи кордзанӣ рӯзи 10 май дар деҳаи Бекободи ноҳияи мазкур рух додааст.

Сокини 52-солаи деҳаи мазкур рӯзи 8 май духтарашро ба шавҳар дод. Аммо баъди ду рӯзи издивоҷ ӯро бо айби надоштани бакорат аз манзили шавҳар ронданд.

"Ин духтар пеш аз издивоҷ бо ҷавони дигар робита доштааст. Баъди тӯй маълум шуд, ки духтар бокира нест. Мо хабар ёфтем, ки маъшуқи арус кӣ будааст ва ба падари духтар расонидем", - гуфт як пайванди домод.

Падари духтар баъди хабар ёфтан аз ин ҳодиса бо корд ба маъшуқи пешини духтараш ҳамла кардааст. "Ҷавони кордхӯрда дар ҳоли ҳозир дар бемористон бистарӣ аст. Падари духтарро ба идораи пулис бурданд", - гуфт манбаи огоҳ.

"Ман бо ин духтар чаҳор сол пеш мулоқот мекардам. Аммо он замон ӯро нагузоштанд бо ман издивоҷ кунад. Ҳоло ман ҳамсару фарзанд дорам. Падари духтар бо корд ба хонаи мо омада, талаб кард, ки ман бо духтари вай издивоҷ кунам. Вай таҳдид кард, ки дар ғайри сурат, маро мекушад. Ӯ бо корд маро маҷруҳ кард, вале ман гунаҳкор нестам", - гуфт ин ҷавон.

XS
SM
MD
LG