Ссылки доступа

Дар Қирғизистон пешниҳод шуд, мансабдорон аз ҳисоби ширкатҳои хусусӣ ба хориҷ нараванд


Вакили порлумони Қирғизистон Улан Примов пешниҳод дорад, ки вазирон ва вакилони порлумон аз ҳисоби ширкатҳои хусусӣ ба хориҷ сафар накунанд. Вакили порлумон ин ташаббусро барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ҳангоми дарёфти қарзҳои хориҷӣ зарур меҳисобад.

"Аз замони касби истиқлолият Чин Қирғизистонро ҳамаҷониба кумак мерасонад. Қисмати асосии сармояи хориҷии мо аз Чин аст. Мо умедворем, ки миёни кишварҳои мо муносибатҳои дӯстона давом хоҳанд кард. Аммо ҳар кишвар бояд қарзҳои давлатии дохиливу хориҷии худро назорат кунад", - гуфт вакили порлумон.

"Ҳангоми дарёфти қарзҳои ҳангуфт мо бояд иштибоҳҳои гузаштаро ба инобат гирем ва назорат кунем, ки оё қарзҳо оқилона харҷ мешаванд ё ба нафъи афроди алоҳида. Ҷамъият бояд дар ин маврид огоҳӣ дошта бошад. Ба ҷуз ин, бояд дар сатҳи давлатӣ вакилону вазирон ва ходимони давлатиро манъ кунем, ки аз ҳисоби ширкатҳои хусусӣ ба хориҷ сафар накунанд", - афзуд вакили порлумони Қирғизистон.

Комисияи махсуси вакилон дар ҷараёни таҳқиқи истифодаи оқилонаи қарзи 386 миллиондолларии Чин барои навсозии маркази гармидиҳии Бишкек, огоҳ шуд, ки ду гурҳи ҷудогонаи вакилон пеш аз бастани шартнома ба Чин рафтаанд. Гузашта аз ин, гуруҳи намояндагони ҳукумат ҳам он замон барои баррасии ҷузъиёти шартнома ба Чин сафар кардаанд.

XS
SM
MD
LG