Ссылки доступа

Ӯзбекистон барои соҳаи нафти Афғонистон мутахассис тайёр мекунад


Тошканду Кобул тасмим доранд, тафоҳуме имзо кунанд, ки дар доираи он Ӯзбекистон барои соҳаи нафту гази Афғонистон мутахассис омода хоҳад кард.

"Интизор меравад, ки ҷониби Ӯзбекистон барои мо мутахассиси бахши нафту газ омода кунад. Мо ҳоло тафоҳумномаро омода дорем. Дар тафоҳумнома саҳми ҷонибҳо зикр мешавад", - гуфт Наргис Ниҳон, иҷрокунандаи вазифаи вазири нақб ва нафти Афғонистон.

Ба гуфтаи вай, баъди чанде мутахассисони ӯзбек ба Афғонистон хоҳанд омад ва ҷузъиёти масъала рушан хоҳад шуд.

Дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон соли гузашта Маркази таълимӣ барои шаҳрвандони Афғонистон таъсис шуд. Нахустин гуруҳи иборат аз 110 шаҳрванди Афғонистонро ин марказ моҳи январ ба таҳсил фаро гирифт.

Дар ин марказ мутахассисони дараҷаи олӣ, миёна ва махсус омода карда мешавад.

XS
SM
MD
LG