Ссылки доступа

Тоҷирони эронӣ дар Тоҷикистон аз таҳримҳои Амрико нигаронанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 23-уми майи соли 2018. (видео)

- Осиё: дар Қазоқистон кӯдакони то 16-соларо танҳо бо волидонашон ба ибодатгоҳ роҳ медиҳанд. Дар Қазоқистон кӯдакони то 16-сола танҳо бо розигии волидон ва ҳамроҳии яке аз онҳо метавонанд, ба ибодатгоҳ ворид шаванд. Қирғизистон барои эътирози мардумии 11 апрел тақрибан $2,5 млн харҷ мекунад. Дар яке аз деҳаҳои Қирғизистон волидони хонандаҳо худ автобуси мактабӣ хариданд. (видео)

- Размоиши СПАД дар Қазоқистон (нигористон)

- Назари мардум: "Ҷавонӣ ба дил аст, на ба сол". Хабарнигорон 23-юми май, дар рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, аз мардум пурсиданд, ки ҷавонӣ ба сол аст ё ба дил? (видео)

- Дрону қаиқ ва трактори СММ ба наҷотбахшони тоҷик. Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳадафи тақвияти нерӯҳои наҷотбахши тоҷик, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҷиҳози техникӣ дод (видео)

- Тоҷирони эронӣ дар Тоҷикистон аз таҳримҳои Амрико нигаронанд (видео)

- "Гӯшмол"-и талаба боиси худкушӣ мешавад. Бархе аз омӯзгорон мегӯянд, ки бо таваҷҷӯҳ ба зиёд шудани хабарҳо аз худкушии наврасон, онҳо баръакс дар муносибат бо хонандаҳо хеле эҳтиёткор шудаанд (видео)

- Нахустин паёми видеоии Юлия Скрипал баъди ба ҳуш омаданаш. Юлия Скрипал, духтари Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи Русия пас аз чанд моҳи заҳролудшавӣ ва ба ҳуш омадан дар шаҳри Салсберии Бритониё паёми видеоӣ дод. (видео)

- Сарнавишти Лионел Месси ва Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия. (видео)

- Дар як деҳаи Қирғизистон волидон барои кӯдаконашон автобуси мактабӣ хариданд. (видео аз Директ)

- Чаро ба онҳое, ки аз нигоҳи биноӣ маъюбанд, иҷозат намедиҳанд, ба хонаҳояшон газ гузаронанд. (видео)

- Интихобот дар шӯроҳо – бар асоси рӯйхати ҳизбӣ? Маҷлиси Қазоқистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботро қабул кард. (видео)

- Нобиноён дар Ҳоланд аз роҳи оҳан ба осонӣ истифода мекунанд (видеои Настоящее время)

- Абрамович натавонист, визаи Бритониёро тамдид кунад (видео аз Директ)

- Ташаннуҷ дар Донбасс: Нирӯҳои Украина мегӯяд, ҳамлае сурат нахоҳад гирифт (видео аз Директ)

- "Моро мекушанд": хонандагони Техас ба губернатор нома навиштанд. (видеои Настоящее время)

- Бурҷ барои "Газпром" дар Петербург. Дар Петербург сохтмони бинои нави ширкати "Газпром" ба поён мерасад. (нигористон)​

- Ду сол бе Эрвин Иброҳимов. Субҳи 25 майи соли 2016 падари узви Кумитаи иҷроияи Конгресси умумиҷаҳонии тоторҳои Қрим Эрвин Иброҳимов ба хонаи Илми Умаров омада, гуфт, фарзандаш бедарак шудааст. Аз он замон то ба ҳол ду сол гузашт. Волидони ӯ тайи ин муддат номаҳои зиёде бо талаби маблағу таҳдид дарёфт карданд. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG