Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон хонандаҳои рӯзадорро иҷборан об доданд


Дар Ӯзбекистон мудири мактаби №19-и шаҳраки Варзики вилояти Намангон Низомҷон Ҷураевро ба он айбдор мекунанд, ки хонандагонро маҷбур кардааст, дар моҳи Рамазон рӯзаашонро хӯранд. Вале мудир ин иддаоро туҳмат меномад.

Яке аз расонаҳои маҳаллӣ 20 май бо истинод ба наздикони яке аз хонандаҳои мактаби №19 иттилоъ дод, ки Ҷураев хонандагони синфҳои 6, 7, 8 ва 9-умро маҷбур кардааст, то рӯзаашонро бихӯранд. "Баъд аз он ки хонандаҳо талаби мудирро рад карданд, омӯзгорон онҳоро ба ошхона бурда, маҷбур карданд, ки об нӯшанд", - афзуд манбаъ.

Вале Низомҷон Ҷураев ин айбро рад мекунад. "Дар мактаби мо ин гуна ҳодиса рух надодааст. Як гуруҳи хонандагон аз хӯрдани субҳона худдорӣ карданд. Муовини ман бо ин хонандагон суҳбат карда, ба онҳо фаҳмонд, ки ҳоло пеш аз ҳама бояд ба саломатии худ аҳамият диҳанд ва илм омӯзанд", - изҳор дошт мудир.

Ба гуфтаи Ҷураев, дар робита ба саломатии хонандагон, ки дар хобгоҳи мактаб-интернат зиндагӣ мекунанд, маҳз раҳбарияти мактаб ҷавобгар аст ва бинобар ин, ӯ ҳамчун мудир иҷозат намедиҳад, ки хонандагонаш гурусна ва беҳол ба дарс бираванд.

"Агар волидони хонандагон тамоми масъулиятро бар зимма бигиранд, пас мо зид нестем, ки онҳо рӯза доранд", - гуфт мудир.

XS
SM
MD
LG