Ссылки доступа

Дар "Гараж 312"-и Бишкек маводи мухаддир ёфтанд


Парвандаи фурӯши маводи мухаддир дар клуби шабонаи "Гараж 312"-и Бишкек ба додгоҳ рафт. Дар ин бора Эрнис Осмонбоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод.

Хадамоти мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қирғизистон 21 январ дар клуби шабонаи "Гараж 312" рейд гузаронд. Чанд корманди клуби мазкур бо айби фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буданд.

Натиҷаи ташхиси чанд муштарии клуби "Гараж 312" нишон додааст, ки онҳо маводи мухаддир истифода бурдаанд.

Ду соқӣ ва мудири клуби мазкур дар "Омодасозӣ, дарёфт, ҳифз ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир" ва "Ташкил ё нигаҳдории макони истифодаи маводи мухаддир" айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG