Ссылки доступа

Шартгузории роҳбари олии Эрон ба Иттиҳоди Аврупо


Роҳбари олии Эрон дар мавриди шартномаи ҳастаӣ ба Иттиҳоди Аврупо шарт гузошт. Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ шаш шартро зикр кард. Ин шартҳо дар сомонаи роҳбари олии Эрон нашр шуданд.

Хоманаӣ аз ҷумла талаб кард, ки бонкҳои аврупоӣ ҳамкориро бо Эрон идома ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо кафолати фурӯши нафти Эронро диҳанд. "Агар кишваҳои аврупоӣ талабҳои моро иҷро накунанд, Эрон ҳақ дорад, ки барномаи ҳастаияшро дубора фаъол кунад", - гуфт вай.

Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 8 май эълон кард, ки кишвараш аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ мешавад. Вашингтон баъд аз хуруҷ аз созиши ҳастаӣ таҳримҳои зидди Теҳронро густариш дод. Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Русия ва Чин тасмими охири Трампро танқид карданд. Ин кишварҳо гуфтанд, ба созишномаи ҳастаӣ содиқ хоҳанд монд.

Созиши ҳастаӣ миёни Бритониё, Олмон, Чин, Русия, Фаронса ва ИМА аз як тараф ва Эрон аз тарафи дигар соли 2015 имзо шуда буд. Ин созишнома пешбинӣ мекард, ки дар ивази бекор шудани таҳримҳои иқтисодии ИМА ва Иттиҳоди Аврупо Эрон барномаи ҳастаияшро қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG