Ссылки доступа

Трамп нақшаи дидор бо раҳбари Куриёи Шимолиро бекор кард


Президенти ИМА Доналд Трамп аз мулоқот бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин, ки қарор буд, 12 июн дар Сингапур баргузор шавад, даст кашид. Ӯ ин тасмими худро дар як нома ба раҳбари Куриёи Шимолӣ, ки матни онро Кохи сафед нашр кард, баён доштааст.

Дар нома омадааст, изҳороти ахири Куриёи Шимолӣ, ки дар асоси "хашми ғайриодиву душмангарии ошкоро" ироа шудааст, баргузории мулоқоти деринтизорро феълан ғайримумкин гардонд.

"Бо навиштани ин нома мехоҳам, ба самъи Шумо расонам, ки мулоқоти Сингапур баргузор намешавад. Ин ба нафъи ҳар ду кишвар, вале бар зарари ҷаҳон хоҳад буд", - қайд кардааст Трамп.

Трамп дар шарҳи суханҳои Ким Чен Ин дар бораи имкониятҳои ҳастаии Куриёи Шимолӣ гуфт, "имкониятҳои Амрико ба ҳадде бузург ва нирӯманданд, ки дуо мекунем, ҳеч гоҳ истифода нашаванд".

Трамп баргузории мулоқотро дар оянда аз эҳтимол дур надонист. "Хеле таваққуъ дорам, ки мулоқот баъд аз як муддате баргузор шавад. Барои раҳоии асироне, ки ҳоло ҳамроҳи хонаводаҳои худанд, миннатдорӣ баён мекунам", - афзудааст Трамп дар номаи худ ба Ким Чен Ин.

"Агар шумо назари худро дар робита ба ин мулоқоти сатҳи баланд тағйир диҳед, бидуни шак ба ман занг занед ё нависед. Ҷаҳон ва Куриёи Шимолӣ барои расидан ба сулҳи деринтизору шукуфоии бузург имконияти калонеро аз даст доданд. Ин имконияти аз даст рафта воқеан лаҳзаи ғамангези таърихӣ аст", - изҳор доштааст Трамп.

XS
SM
MD
LG