Ссылки доступа

Рафтори милисаи тоҷик сайёҳи хориҷиро озурда кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 31-уми майи соли 2018. (видео)

- Тоҷикистон аз Русия барои муҳоҷирон сабукӣ хост. Ин масъала рӯзи 31-уми майи имсол дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – бо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев дар Душанбе баррасӣ гардид (видео)

- Кӯдакони лӯлӣ дар Тоҷикистон чӣ орзу доранд? Фарзандони лӯлӣ ё ҷӯгӣ аз кӯдакӣ дар иқтисоди хонаводаҳои худ саҳм мегузоранд. Тақрибан ҳамаи занони ин қабила ҳангоми талбандагӣ ё иҷрои касби бобоии худ ҳатман кӯдаконро ҳамроҳ мегиранд (видео)

- Муҳоҷирон ҳам орзу доранд ситораи футбол шаванд (видео)

- Барои куштори Бабченко киро кироя карданд? Суҳбат бо дусти "қотил". Журналист Аркадий Бабченко барои он наҷот ёфт, ки худи иҷрогари сӯиқасд ба Хадамоти амнияти Украина омада, иқрор кард, мегӯяд дусти ӯ Родион Шовкошитний. (видеои Настоящее время)​

- Рафтори милисаи тоҷик сайёҳи хориҷиро озурда кард. Видеое, ки як сайёҳи руминӣ нашр кард, нишон медиҳад, ки гӯиё маъмурони милиса дар посгоҳе дар Кӯлоб аз ӯ ришва мегиранд. Видео рӯзи 28-уми май дар Ютуб нашр шуд (видео)​

- Аркадий Бабченко: «Ман шахсан ӯро бад мебинам». Рӯзноманигори рус дар бораи ахлоқи журналистӣ, интихобот ва Путин. (видео)

- «Дуздидани духтар ҳеч гоҳ расму ойин набуд, ҳамеша ҷиноят буд». Таърихшинос Элери Битикчӣ дар бораи ҳодисаи дуздида шудани духтаре, ки баъдан дар шуъбаи пулис аз захми корд ҷон бохт. (видео)

- Ду ҳамсафи дигари президенти пешини Қирғизистонро парванади ҷиноӣ таҳдид мекунад (видеои Настоящее время)​

- Модари Муродбек Тунгишбоев: «Писарамро ба Остона надиҳед!». Модари блогер ва мухолифи боздоштшудаи қазоқ дар Бишкек Муродбек Тунгишбоев аз мақомоти қирғиз дархост кард, ки писарашро ба ватан истирдод накунанд. (видео)

- Дар Москва ширкати «Шаҳри ман» маоши садҳо муҳоҷирро пардохт накард(видео)​

- Миллионерҳои ҷавони Қирғизистон - онҳо кистанд? Қисми 1 (видео)​

- Интихобот дар Итолиё ва талоши ташкили ҳукумат аз нигоҳи расонаҳо. (видеои Настоящее время)

- "Девонавор мехостам, чизе бихӯрам". Кӯдакони "хоинон"-и Ватан зиндагии худро дар лагерҳои сталинӣ ба ёд меоранд. 31 май дар Қазоқистон ҳамасола Рӯзи гиромидошти хотираи қурбониёни таъқибҳои сиёсист. (видеои Настоящее время)

- Ишқободро аз оқибатҳои хокбориши шӯр тоза мекунанд. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG