Ссылки доступа

Сарвазири Гурҷистон гуфт, аз мақомаш истеъфо намедиҳад


Сарвазири Гурҷистон Георгий Квирикашвилӣ талаби эътирозгарони шаҳри Тифлисро, ки аз ӯ хостанд истеъфо диҳад, рад кард. Дар ин бора сомонаи расмии ҳукумати Гурҷистон иттилоъ дод.

Рӯзи панҷшанбе даҳҳо нафар дар назди бинои порлумони Гурҷистон дар Тифлис ҷамъ шуда, истеъфои сарвазирро талаб карданд. Эътирозгарон Квирикашвилиро дар беҷазо мондани қотилони ду наврасе айбдор мекунанд, ки моҳи декабри соли гузашта кушта шуданд.

Падари яке аз наврасон Заза Саралидзе мегӯяд, додситони кул ва мансабдорони дигари давлатии Гурҷистон бо пуштибонӣ аз қотилон тамоми далелҳоро маҳв карданд ва бинобар ин, додгоҳ ба далели исбот нашудани ҷурм гумонбаронро раҳо намуд.

Тазоҳургарон дар аввал истеъфои додситони кулли Гурҷистон Ираклий Шотадзеро талаб мекарданд ва ӯ ҳам аз мақомаш канор рафт. Вале бо ин қонеъ нашуда, ҳоло истеъфои ҳукумати Гурҷистонро талаб доранд.

Квирикашвилӣ, ки натавонист дар тазоҳурот суханронӣ кунад, дар як нишасти хабарӣ гуфт, тафтиши парвандаи мазкурро вазири умури дохилии Гурҷистон Георгий Гахария шахсан зери назорати ӯ раҳбарӣ хоҳад кард.

Ҳудуди 200 нафар дар назди бинои порлумони Гурҷистон шабро дар хаймаҳо рӯз карданд. Созмондиҳандагони тазоҳурот мегӯянд, эътирози онҳо идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG