Ссылки доступа

Дар Тошканд конфронси байналхалқии Арал баргузор мешавад


Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон конфронси байналхалқии "Ҳамкории муштарак барои коҳиш додани оқибатҳои фоҷиаи Арал: равишҳои нав, роҳҳалҳои инноватсионӣ, сармоягузорӣ" баргузор мешавад.

Ҳадафи конфронс ҳамоҳангии фаъолияти кишварҳои минтақа барои наҷоти Арал унвон шудааст.

Дар ин конфронс барномаҳои мавҷудаи коҳиши оқибатҳои фоҷиаи Арал баррасӣ ва роҳҳои ҳамкориҳои минбаъда баҳс мешавад.

Дар кори конфронс вакилони порлумон ва намояндагони вазоратҳову идораҳо, инчунин созмонҳои иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони бештар аз 20 кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ ширкат хоҳанд кард.

Юкио Такасу, мушовири махсуси дабири кулли СММ дар умури амнияти инсон низ дар кори конфронс ширкат мекунад.

Ширкаткунандагони конфронс рӯзи 7 июн барои шиносоӣ бо минтақаи хушкшудаи Арал ва суҳбат бо сокинони маҳаллӣ ба минтақаи назди Арал - Нуқус ва Муйнак сафар хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG