Ссылки доступа

Садҳо муҳоҷири тоҷик пеш аз "Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018" Русияро тарк карданд


Созмони ҷамъиятии "Тонг Ҷаҳонӣ" дар Русия мегӯяд, дар моҳи май, пеш аз оғози бозиҳои "Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018" ҳадди аққал 300 муҳоҷири тоҷик ихтиёран тарки ин кишвар карданд.

Инҳо муҳоҷироне будаанд, ки ё мӯҳлати патенташон тамом шуда дубора тамдид нашудааст ва ё бо хоҳиши корфармоён розӣ шуданд то анҷоми бозиҳои футбол дар 11 шаҳри Русия, муввақатан кор ва зиндагӣ дар ин кишварро тарк кунанд.

Каримҷон Ёров, корманди созмони "Тонг Ҷаҳонӣ" ва як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 31-уми май гуфт, ҳамин шумор муҳоҷирон қабл аз бозгашт ба ватан аз онҳо машварати ҳуқуқӣ пурсиданд.​

Ба гуфтаи ӯ, бархе корхонаҳо дар Русия ба хотири тафтишҳои зиёд қабл аз оғози бозиҳои "Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018" коргарони муҳоҷири худро муваққатан аз кор озод карданд ва бархе муҳоҷирони дигар, ки мӯҳлати патенташон дар моҳи май тамом шуда буд, дубора натавонистанд, патенташонро тамдид кунанд.

Каримҷон Ёров гуфт, ки созмони онҳо талош кард, то ба ин муҳоҷирон ба хотири мондан дар Русия кумак кунад, вале худи онҳо аз тарси ихроҷ нахостанд дар ин кишвар бимонанд.

"Ҳоло тафтишу санҷиш хеле зиёд шудааст ва рӯзе созмони мо то 15 занги телефонӣ аз боздошти муҳоҷирон дар пайи ин санҷишҳо қабул мекунад. Бархе корфармоён ба хотири дарди сар нашудан коргарони муҳоҷири худро муваққатан аз кор ҷавоб додаанд. Ин муҳоҷирон беҳтар медонанд, ки тарки Русия кунанд", - гуфт ӯ.

Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол аз 14-уми июн то 15-уми июли имсол дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Калининград, Нижний Новгород, Қазон, Самара, Саранск, Волгоград, Ростови лаби Дон, Сочӣ ва Екатеринбург баргузор хоҳад шуд. Русия ба хотири таъмини амният дар ростои баргузории "Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018" назорат дар ин шаҳрҳоро тақвият бахшидааст.

Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон расман аз шаҳрвандони кишвар хоста буд, ки аз 25-уми май то 25-уми июли имсол аз сафар ба 11шаҳру вилояти Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Ё агар кори муҳиме доранд, масъалаи сабти ном ё ба қайдгузории худро аз қабл тарҳрезӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG