Ссылки доступа

Қазоқистону Қирғизистон тасмим доранд, тиҷорати ду кишварро ба 1 миллиард доллар расонанд


Бакитҷон Сагинтаев, сарвазири Қазоқистон ва ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқулӣ Абилғозиев муносибатҳои Қирғизистону Қазоқистонро баррасӣ карданд. Мулоқоти ду сарвазир 31 май дар доираи ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Сагинтаев гуфт, "нақшаҳое, ки аз сӯи роҳбарони ду кишвар назди ҳукуматҳо гузошта шудааст, бояд дар зиндагӣ амалӣ шаванд". Вай ҳамзамон илова кард, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар талош мекунад.

Абилғозиев дар навбати худ гуфт, густариши муносибатҳои стратегӣ бо Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Қирғизистон аст.

Сарони ҳукуматҳои ду кишвар ҳамчунин ба созиш расиданд, ки ҳафтумин ҷаласаи шӯрои байниҳукуматии ду кишварро таҳти роҳбарии сарвазирон баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG