Ссылки доступа

Танқиди овозхонони Ӯзбекистон барои худнамоишдиҳӣ дар моҳи Рамазон


Одилҷон Абдуқаҳҳоров, роҳбари муассисаи "Ӯзбекконсерт" дар як мулоқот аз овозхонони ӯзбек барои худнамоишдиҳӣ дар моҳи Рамазон танқид кард.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, овозхононро аз интишори аксҳо бо имомон, ҳангоми ифтор ва дигар маросимҳои динӣ манъ карданд.

Одилҷон Абдуқаҳҳоров гуфт, ки бархе аз овозхонон маросимҳои диниро барои боло бурдани нуфузи худ истифода мекунанд. Ба гуфтаи вай, ислом ба таблиғи овозхонони эстрадӣ ниёз надорад.

Абдуқаҳҳоров ҳамчунин ба либоспӯшии занҳои овозхон дахолат кард. Ба занҳо тавсия шуд, ки либоси миллӣ ба бар кунанд. "Шумо бояд истеъдодатонро густариш диҳед, на таваҷҷуҳи бинандаро ҷалб созед", - гуфт Абдуқаҳҳоров.

Дар Ӯзбекистон овозхонон танҳо бо иҷозаи расмии мақомоти соҳаи фарҳанг метавонанд фаъолият кунанд. Дар гузашта ҳолатҳое буд, ки бархе аз овозхонон ба далели пӯшидани либоси нимаурён аз иҷозатнома маҳрум шуданд.

XS
SM
MD
LG