Ссылки доступа

Назарбоев аз ҳамсафонаш хост, "дуздӣ накунанд"


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ва ҳамзамон раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан" дар бораи густариши мавқеи ҳизбаш суханронӣ кард.

Назарбоев дар ҷаласаи васеи шӯрои ҳизби "Нур Отан" аз арзоншавии ипотека ё қарзи манзил ёдовар шуд, ки вай моҳи марти соли ҷорӣ эълон карда буд. Назарбоев аз ҳамҳизбонаш хост, ки маблағи барои барномаи манзил ҷудошударо "ғорат накунанд".

"Дар кишвари мо ҳоло ҳам барои манзил навбатпоӣ мекунанд. Касе дидаст, ки дар Олмон, Фаронса ва ё Амрико мардум барои хона навбатпоӣ кунанд? Ин ҳазён аст. Зеро давлат манзили ройгон тақсим намекунад. То ҳол ба ман менависанд, ки ба ман хона диҳед. Дар барнома номнавис кунед... Манзилҳои иҷора ҳаст. Кадом навбатпоӣ? Ба порлумон, ба вазирон муроҷиат кунед. Давлат чунин қонун надорад, ки хона туҳфа кунад. Ба ҳамаи ҳамсафон мегӯям: зери назорат гиред, кори дуруст кунед, чизеро аз ин ҷо ғорат накунед! То ки манзилҳо ба соҳибонашон расанд", - афзуд Нурсултон Назарбоев.

XS
SM
MD
LG