Ссылки доступа

Абдулқодирзода муштзанӣ ва "муҳорибаи бидуни қоидаро"-ро ҳаром хонд


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон машғул шудани ҷавононро ба бархе навъҳои варзиш, назири "муҳорибаи бидуни қоида" ва "муштзанӣ" ҳаром хонд.

Ӯ гуфт, ин навъи варзиш бинобар зиёновар будан ба саломатӣ, ҳаром аст.

Раиси Шӯрои уламо, ки рӯзи ҷумъаи 1-уми июн дар минбари Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Ёқуб суҳбат мекард, дар посух ба суоли яке аз намозгузорон гуфт, "... ва хусусан бокс ва "бой без правил", ки мезананд, маъюб мекунад, ин аз нуқтаи назар дини мубини ислом ҳаром аст."

Вай ҳамзамон гуфт, "ҷавонони мо бояд ба ҳамон варзишҳое, мисли гуштину дигар варзишҳое, машғул шаванд, ки ҳам инкишофу ҷисмашон ва ҳам рӯҳу равон аст. Ҷавонони мусалмон бояд бо ин гуна машқҳо машҳур бошанд ва байрақбардори Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллат ва давлати тоҷикон бошанд."

Носир Азимов, устоди риштаи бокс дар Тоҷикистон мегӯяд, бори аввал аст, ки ҳаром будани муштзанӣ аз забони як рӯҳониро мешунавад. Носир Азимов, ки шогирдонаш ба мисли Мавзуна Чориева дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пирӯз шудаанд, гуфт, муштзанӣ дар тамоми кишварҳои мусалмонӣ ва мусалмоннишин иҷоза ҳаст.

Ӯ гуфт: "Дар Эрону Арабистони Саудӣ, Покистон ва Доғистон будам, бокс иҷозат ҳаст. Ҳатто рақиби ман дар соли 1997 дар як мусобиқа аз Саудӣ буд. Дар Арабистон фақат бокси занона иҷозат нест. Дар бораи муҳорибаи бидуни қоида шунида будам, ки ҳаром аст. Ин муҳориба қонун надорад, вале муштзанӣ қоида дорад. Аз ноф поин, пушти сар, умуман ҷое, ки нозук аст ва ҳангоми зарб хӯрдан инсон маъюб мешавад, задан мумкин нест."

Фатво ва изҳороти Шӯрои уламои Тоҷикистон дар солҳои ахир боиси баҳсҳои зиёд мешавад. Аввали моҳи Рамазон ин Шӯро ба коргарони нерӯгоҳи Роғун фатво дод, ки рӯза нагиранд, чун дар шароити сахт кор мекунанд. Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, бори аввал чунин фатвоеро мешунаванд.

XS
SM
MD
LG