Ссылки доступа

Дар Тифлис 4 рӯз аст, эътирозҳо идома доранд (видео)


Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон рӯзи чаҳорум аст, ки эътирозҳо идома доранд. Ба норозигии сокинони пойтахти Гурҷистон натиҷаи тафтиши куштори ду наврас сабаб шудааст.

Эътирозгарон мансабдорони Гурҷистонро ба қатъшавии парвандаи ҷиноии мазкур айбдор мекунанд. Ба назари онҳо, додситони кулли ин кишвар қотилонро ҳимоят мекунад.

Онҳо пештар тавонистанд додситони кулли Гурҷистонро ба истеъфо фиристанд. Ҳоло истеъфои ҳукуматро талаб доранд. Вале сарвазири Гурҷистон Георгий Квирикашвилӣ ин талаби онҳоро рад кард.

XS
SM
MD
LG