Ссылки доступа

Беш аз $70 миллион гранти бебозгашти Чин ба Қирғизистон


Ҳукуматҳои Қирғизистону Чин ду созишномаеро ба имзо расонданд, ки бар пояи онҳо, Пекин ба Бишкек 450 миллион юан (беш аз $70 миллион) кумаки молии бебозгашт хоҳад кард.

Ба огаҳии Вазорати иқтисоди Қирғизистон, Чин барои таъмиру бозсозии роҳҳои мошингарди шаҳри Бишкек 350 миллион юан ҷудо мекунад.

Ҳамчунин барои корҳои марбут ба ковишҳои бостоншиносӣ, бозсозӣ, ҳифозат ва осорхонасозӣ дар се макон - Кум-Добо (Кочкор-Башӣ), Минакелдӣ ва Буран (Баласагин) 100 миллион юани дигар ҷудо мешавад.

Вазорат мегӯяд, тарҳи "Рушди шабакаи роҳҳои мошингарди шаҳри Бишкек" дар се марҳала анҷом шуда, дар ҳоли ҳозир, таъмири роҳҳо дар доираи марҳалаи аввал идома доранд.

Мақомоти Бишкек тасмим доранд, соли 2018 роҳҳои беш аз 50 кӯчаро ба дарозии 105 километр таъмир кунанд. Ин таъмирҳо аз ҳисоби грантҳои Чин анҷом мешаванд.

XS
SM
MD
LG