Ссылки доступа

Аз мактабҳои варзишии Ишқобод барои дучархасаворӣ пул ҷамъ мекунанд


Кумитаи давлатии варзиши Туркманистон 3 июн ба воситаи бахши шаҳрии худ ба мудирони мактабҳои варзишии Ишқобод дастури шифоҳӣ додааст, ки барои хариди сару либоси варзишӣ, парчам ва дучарха маблағ ҷамъ кунанд.

Бар пояи фармони президенти Туркманистон, ки миёнаҳои моҳи апрел содир гашт, аз ин ба баъд ҳамасола 3 июн дар ин кишвар ҳамчун рӯзи дучархасаворӣ таҷлил хоҳад шуд.

Ба иттилои Бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар пайи имзои ин фармон нархи дучарха ва сару либоси варзишӣ дар Туркманистон боло рафтааст.

"Дар ҳоли ҳозир, як дучарха аз 700 то 900 манат (ҳудуди $225) ва либоси варзишӣ аз 150 то 200 манат аст. Пулро аз мураббиён ҷамъ мекунанд. Аз ҳар як мактаб барои аз 5 то 9 дучарха ва аз 15 то 20 ҷуфт сару либос пул мегиранд. Либосҳои варзиширо ҳар сол бояд нав бихаранд", - иттилоъ медиҳад хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Солҳои ахир дучархаронии дастаҷамъӣ дар пойтахти Туркманистон анъана шудааст. Дар бештари чорабиниҳои варзишие, ки мақомот бо ҷалби кормандони муассисаҳои давлатӣ баргузор мекунанд, президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ иштирок мекунад.

Президент - спортсмен
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:34 0:00

XS
SM
MD
LG