Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон донишомӯзони коллеҷ ҳамдарси худро то дами марг латтукӯб карданд


Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон 1 июн донишомӯзони Коллеҷи агроиқтисодии ноҳияи Тӯрақурғон як ҳамдарси худро то дами марг латтукӯб карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, А.Т.-ро ҳамдарсонаш бо вуҷуди он ки мегуфт, рӯзадор аст, ҷанг намекунад, зери мушту лагад қарор доданд.

Донишомӯзи 19-солаи Коллеҷи агроиқтисодии Тӯрақурғон бо номи А.Т. дар натиҷаи бардоштани захмӣ зиёд нимаи дувуми 1 июн ҷон бохтааст.

“Ҷанҷол нахуст дар дохили бино оғоз шуда, баъдан се донишомӯз А.Т.-ро ба саҳни коллеҷ бароварда, латтукӯб кардаанд. Писарбача муқобилият нишон надодааст ва гуфта, ки рӯзадорам, ҷанг намекунам. Вале ҳамдарсонашон ӯро то дами марг заданд. Дар натиҷа А. Т. беҳуш шуда, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст”, - гуфт яке аз омӯзгорони коллеҷ.

Як корманди пулиси вилояти Намангон гуфт, латтукӯбкунандагони донишомӯзро боздошт карданд. “А.Т. воқеан рӯзадор будааст. Қотилон боздошт шуда, тафтишот идома дорад”, - афзуд ӯ.

Мақомот дар бораи сабабҳои занозании донишомӯзон чизе намегӯянд.

XS
SM
MD
LG